Истифодаи барномаҳои миллӣ дар кафедра

 

Мувофиқи нақшаи таълимӣ аз барномаҳои зерин истифода бурда, конфронс гузаронида шудааст:

1. Барномаи миллии «Мубориза бар зидди бемории сил»,

2. «Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил»

3. «Ташхис ва табобати диабети қанд»

4. «Мубориза бар зидди бемориҳои норасоии йод дар организм»

5. Қонун дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку

6. “Тарзи солими ҳаёт”

7. Пешгирии бемориҳои АҒНМИ ва бемориҳои тавассути роҳҳои таносулӣ интиқолёбанда.

8. Пешгирии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас

    Ҳамасола гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақша ба роҳ монда шудаанд, дар гурӯҳҳои бахши якуми шӯъбаҳои “Кори ҳамширагӣ”, ”Кори момодоягӣ”,”Кори табобати дандон”,”Кори ҳамширагӣ дар косметология” ва “Кори тиббӣ-офиятӣ” баррасии баромади Ассосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба танзим даровардани расму оинҳои миллӣ, қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба волидайнони донишҷўён расонида мешавад. Мувофиқи талаботҳои муқарраргардида сару либоси донишҷӯён дар кафедра дар таҳти назорат қарор дорад.

      Бахшида ба санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо донишҷӯён соатҳои тарбиявӣ ва конфронсҳо ба нақша гирифта шуда, қисме аз рефератҳо тартиб дода шуда, қисме аз онҳо, ки дар даври сипаригашта гузаронида шудаанд:

Соати тарбиявӣ дар мавзӯи”Вазифаҳои донишҷӯён”;

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Талаботҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сару либос, телефонҳои мобилӣ, нақлиёти шахсӣ бо иштироки падару модарон;

“Рӯзи Ваҳдати миллӣ”, тарбияи ахлоқӣ дар рӯҳияи ватандустиву умумибашарии донишҷӯён;

Тамоку ва зарари он;

Оид ба мавзӯъҳои дарсӣ лавҳаҳо тартиб дода шуда, дар синфхонаҳо ва толори лексионӣ овезонида шудаанд.

    Фаъолияти омӯзгорону кормандони ин коллеҷ ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда шудааст.

    Дар Коллеҷ ба масъалаҳои тарбиявӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, ки дар он Иттиҳодияи методии роҳбарони гурӯҳҳо фаъолият менамояд ва он ҳамаи паҳлӯҳои корҳои тарбиявиро танзим менамояд. Корҳои тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои ҷамъиятии Коллеҷ - созмони ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занону духтарон амалӣ гардонида мешаванд. Дар гурӯҳҳои таълимӣ мунтазам тибқи ҷадвал соатҳои тарбиявӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни тарбиявӣ ва мубрами адабиву фарҳангӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра гузаронида мешаванд, ҳамчунин конфронсу озмунҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳо ва санаҳои гуногуни таърихиву адабӣ ва ғайра низ гузаронида мешаванд, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок менамоянд.

     Дар таълимгоҳ ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон ва ҳайати олимону омӯзгорони таълимгоҳ диққати ҷиддӣ дода мешавад, аз он ҷумла дар хориҷи кишвар. Ҳамасола тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисоси омӯзгорон, онҳо мунтазам дар Донишкадаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва кормандони тибби Тоҷикистон тахассуси худро баланд мебардоранд. Ҳамчунин мувофиқи имконият баъзе омӯзгорону кормандон, дар хориҷи кишвар – Ҳиндустон, Олмон ва дигар мамлакатҳо низ аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштаанд.