Конуни Либоси тавсиявии ВМЧТ

ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ
МУАСИССАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

 

Қарори Мушовараи Вазорати маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 03.07.2007с.   №14/2     ш.Душанбе

Дар бораи тасдиқи  “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”.

Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломӣ “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”-ро (новобаста аз шакли моликияташон)  тасдиқ кард ва ба фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2004с. №544 тағйирот ворид кардааст.