ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАҲО

 

      Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, истифодабарии услубҳои муосиру таълим, таҳия ва нашри маводу дастурҳо ва адабиётҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ шакли кафедравии таълим ворид карда шудааст. Аз соли 2016 дар коллеҷ 3 кафедра фаъолият менамоянд, ки дар асоси нақшаи умумии таълимӣ-тарбиявии коллеҷ ва нақшаҳои кафедраҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд ва соли 2018 кафедраи нав ташкил карда шуд.

Воридсозии тарзи кафедравии таълим дар коллеҷ натиҷаҳои самарабахш дода истодааст, ки дар поён зикр мегардад.

  • “Фанҳои гуманитарӣ;
  • “Кимиёи фарматсевтӣ ва фармакология”;
  • “Фанҳои клиникӣ ва кори ҳамширагӣ.
  • Кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва стоматология”

Кафедраҳо бо тахтаҳои синфии электронӣ ва проекторҳо таъмин карда шудаанд.

Кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

     Кафедра тибқи нақшаи кории тасдиқшуда фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Татбиқи қонуни забони тоҷикӣ дар кафедра хуб ба роҳ монда шудаст. Устодони кафедра маводҳои таълимию дастурҳои методро ба забони тоҷикӣ ва русӣ тарҷума намудаанд. Ин аст, ки дар кафедра машғулиятҳо бо ду забон – давлатӣ ва русӣ ҷараён мегирад. Чоршанбеи ҳар ҳафта - рӯзи забони русӣ эълон шудааст ва кормандон дар ин рӯз бо забони русӣ сухан меронанд. Умуман, кафедра тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои боз ҳам беҳтар намудани татбиқи Қонуни забон чораҳои лозимаро андешад ва баҳри пойдориву мустаҳкамии забони давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар кафедра ҳамаи навиштаҷотҳо, шиорҳо бо забони тоҷикӣ навишта шудаанд.

    Омӯзгорон ҳамроҳи донишҷӯён аъзои китобхонаи миллӣ буда, пайваста ҳамкорӣ доранд. Роҳрави кафедра ва ҳуҷраҳои таълимӣ бо лавҳаҳои лозимӣ (Муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамонони Тоҷикистон, аз эҷодиёти классикони форсу тоҷик, Душанбе-пойтахти мо.) ороиш дода шудааст. Устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятии Коллеҷ ва чорабиниҳои шаҳриву умумиҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамчунин онҳо пайваста дар кори тарбиявии донишҷӯёни коллеҷ низ заҳмат мекашанд. Дар кафедра чор ҷаласаи маҳфили фаннии донишҷӯён дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида шуд.

Ҳамаи омўзгорони кафедра аъзои Китобхонаи миллӣ буда, пайваста ҳамкорӣ доранд. Роҳбарони гурӯҳҳо донишҷӯёнро ба «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» сафарбар намуданд. Ҳамчунин пайваста аз ҳоли донишҷӯёни иҷоранишин бохабаранд.

Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо омўзгорони кафедра аз услубҳои нави таълим; пурсиши ҷабҳавӣ, ҳуҷуми мағзӣ, бозиҳои тахассусӣ, маводҳои дидактикӣ ва ғ., инчунин аз маводҳои таълимии “ЛЕМОН” истифода мебаранд. Дар машғулиятҳои семинарӣ, дарсҳои кушоду намунавӣ низ аз тарафи устодон хуб истифода карда мешавад. Бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар саросари олам Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил гардид.

Кафедраи “Кимиёи фарматсевтӣ ва фармакология”

Дар соли сипаригашта аз тарафи кормандони кафедра корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

    Дар кафедра услубу усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим ҷорӣ ва мукаммал карда шуда истодаанд. Аз ҷумла дар машғулиятҳо усулҳои ҳозиразамони таълим – ҳуҷуми мағзисарӣ, кор дар гурӯҳҳои хурд, ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ, бозиҳои нақшӣ, иҷрои дастамалҳо аз рӯи стандартҳо ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд. Аксарияти кабинетҳои таълимӣ бо компютер муҷаҳҳазонида шудаанд, ки омӯзгорон аз онҳо ҳангоми машғулиятгузорӣ васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин аз тарафи роҳбарияти коллеҷ кафедра бо проектори мултимедиавӣ ва тахтаи эллектронӣ таъмин карда шуд, ки кафедра аз он васеъ истифода мебарад.

Оид ба ҷашни 24- умин солгарди Артиши Миллӣ бо донишҷӯён дар хусуси моҳияти он сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Кафедра дар озмуни “Лавҳаи беҳтарин”, ки бахшида ба ин ҷашн гузаронида шуд, фаъолона ширкат намуд.

Ҷашни 8- уми март “Иди модарон” низ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Бахшида ба ин рӯз дар кафедра лавҳаи табрикотӣ омода карда шуд. Роҳбарони гурӯҳҳо мунтазам бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои гуногуни тарбиявӣ сӯҳбатҳо гузарониданд, аз он ҷумла:

  • Ифтихор аз истиқлолият;
  • Ватандӯст будани ҳар як фард;
  • Одобу муошират;
  • Риояи гигиенаи шахсӣодобу ахлоқ;
  • Риояи қоидаҳои тартиботи дохиликоллеҷӣ ва эҳтиёткор будан нисбат ба моликияти Коллеҷ;
  • Риоя намудани тозагӣтартиботи ҷамъиятӣ ва халал нарасонидан ба ҷараёни таълим.

Дар кафедра ҷадвали навбатдории омӯзгорон мавҷуд аст, ки ҳамарӯза омӯзгорон аз болои давомот, риояи қоидаҳои бехатарӣ-беҳдоштӣ назорат мебаранд.

    Мудири кафедра пайваста дар машғулиятҳои омӯзгорон иштирок намуда, онҳоро таҳлил менамояд ва барои беҳтар намудани сифати машғулиятгузорӣ ба омӯзгорон маслиҳатҳо медиҳад.

Инчунин дафтари иштироки байниҳамдигарии машғулиятҳои омӯзгорон мавҷуд аст. Омӯзгорон пайваста ба машғулиятҳои якдигар иштирок намуда, таҷрибаи якдигарро мукаммал менамоянд. 

Дар моҳи май озмуни “Дорусози беҳтарин” гузаронидани он ба нақша гирифта шуд.

 Кафедраи “Фанҳои клиникӣ ва кори ҳамширагӣ”.

        Баҳри беҳтар намудани сифати машғулиятгузориҳо услубҳои муосири таълим ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода шуда, ҷараëни таълим бо истифодабарӣ аз навигариҳои тиб, шабакаи Интернетӣ маҷаллаву мақолаҳо сурат мегирад. Ҳамаи машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ бо тариқи мултимедиавӣ гузашта, донишҷӯëн аз илми тибби муосир бархӯрдор мебошанд.

Дар кафедра хангоми гузаронидани машғулиятҳо омӯзгорон аз услубҳои зерин истифода мебаранд:

Услубҳои баналфаъол:

  • Ҳуҷуми ақлонӣ
  • Кор дар гурӯҳҳои хурд
  • Ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ
  • Таҳлили ҳолатҳои клиникӣ
  • Бозиҳои нақшӣ
  • Истифодаи тестҳо
  • Ҳалли кроссвордҳо
  • Диктанти графикӣ
  • Диаграммаи Вена
  • Навиштани таърихи бемории ҳамширагӣ ва таҳлили он
  • Усули занҷир ҳангоми ёрии аввалин ҳангоми бемориҳо
  • Истифодаи графулограмма хангоми машғулият аз фанни “Кори хамширагӣ дар терапия»
  • Гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ тавассути тахтаи электронӣ
  • Баромади донишҷӯён тавассути мултимедиа
  • Истифодаи кластер
  • Инсерт
  • Истифодаи мулӯҳ ва асбоби ЭКГ дар равиши машғулиятҳо.

Ин усулҳои истифодашуда ба фаъолсозии донишҷӯён, баланд бардоштани савияи дониш, мустақилона кор кардан дар ноҳияҳои дурдаст, ҳангоми набудани духтур расонидани ёрии таъҷилӣ равона карда шудаанд.

Кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва стоматология”

           Дар ҶДММ  “Коллеҷи тиббӣҷтимоии ш.Душанбе” дар соли таҳсили 2018- 2019  дар асоси фармони №67, аз 31.08.2018   кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва стоматология” таъсис гардид. Дар кафедра ҳамагӣ 8 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.

           Мудири кафедра мунтазам аз рафти ҷараёни таълиму тарбия дар кафедра назорат мебарад. Аз ҷумла пайваста ҳолати беҳдоштӣ-бехатарии кабинетҳои таълимӣ назорат карда мешаванд ва камбудиҳои ҷойдошта сари вақт ислоҳ карда мешаванд. Қоидаҳои бехатарӣ дар кабинетҳои таълимӣ  тафтиш карда мешаванд.

Дар коллеҷ ҷадвали навбатдории омӯзгорон мавҷуд аст, ки ҳаррӯза омӯзгор аз болои давомот, риояи қоидаҳои бехатарӣ-беҳдоштӣ назорат мебарад.

         Дар кафедра дафтари иштирок дар машғулиятҳои омӯзгорон мавҷуд аст. Мудири кафедра пайваста дар машғулиятҳои омӯзгорон иштирок намуда онҳоро таҳлил менамояд. Ҳолати дуруст пур намудани журналҳои таълимӣ тафтиш карда мешавад. Ҳангоми тафтиш баъзе омӯзгорон журналҳои таълимиро тибқи дастур пур нанамудаанд ва барои ислоҳ намудани хатогиҳои худ аз ҷониби мудири кафедра эрод гирифта шуд.

          Инчунин дафтари иштироки байниҳамдигарии машғулиятҳои омӯзгорон мавҷуд аст. Омӯзгорон пайваста ба машғулиятҳои якдигар иштирок намуда таҷрибаи якдигарро мукаммал менамоянд.

           Машғулият дар базаҳо хуб ба роҳ монда шудаанд. Омӯзгорон бо донишҷӯён дарсҳои таълимї гузаронида истодаанд. Ҳуҷраҳои таълимии базаҳои клиникӣ барои машғулиятгузаронӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Донишҷӯён нисбати машғулиятгузаронӣ ягон шикоят надоштанд.