Асосӣ

 

ҶДММ “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе”

Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе, дар асоси мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 16/225 аз 25.08.2015 сол “Барои иҷозати кушодани  Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе” ва бо розигии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси худро оғоз намуд.

Дар асоси иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0000027, рақами бақайдгирӣ 47, ки бо қарори Комиссияи иҷозатномадиҳии якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ аз 27.07.2015с., №9 дода шуд, ки муҳлати амалӣ иҷозатнома аз 22.07.2015 то 22.07.2020  мебошад.

Асосгузор ва муассиси  Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе духтури хизматнишондодаи Тоҷикистон, аълочии тандурустии Тоҷикистон, доктори илми тибб, профессор Ибодов Ҳ.И.  ба ӯҳда дорад.

 

 

                                                

Доир ба иҷозатнома дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе ихтисосҳои: 

1. Шуъбаи  “Кори момодоягӣ”

       Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Момодоя” дода мешавад ва онҳо барои расонидани ёрии тиббӣ-профилактикӣ ба ҳомиладорон ва беморони гинекологӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ дар мавриди бемориҳои шадид ва ҳодисаҳои нохуш, инчунин фаъолият дар муассисаҳои тиббии шаҳрӣ, ноҳияву деҳотии гинекологӣ (таваллудхонаҳо, марказҳои солимии наслофарӣ ва танзими оила), марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ, тайёр карда мешаванд.

2. Шуъбаи  “Кори ҳамширагӣ”

    Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахасcуси “Ҳамшираи тиббӣ” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикӣ ва ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, тайёр карда мешаванд.

3. Шуъбаи “Кори фарматсевтӣ”

     Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёвари фарматсевт (дорусоз)” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар дорухонаҳои давлатӣ, хусусӣ, озмоишгоҳҳои санҷишӣ-таҳлилӣ ва муассисаҳои саноатии дорусозӣ, тайёр карда мешаванд.

4. Шуъбаи  “Кори тиббӣ-офиятӣ”

      Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ оид ба масҳ, варзиши муолиҷавӣ, физиотерапия ва ҳифзи иҷтимоӣ”, дода мешавад.

Чунин мутахассисон метавонанд дар тамоми муассисаҳои муолиҷавӣ-пешгирикунанда, марказҳои саломатӣ, марказҳои гуногуни солимгардонӣ, барқарорсозӣ, офиятӣ, осоишгоҳҳо, сиҳҳатгоҳҳо, хонаи маъюбону пиронсолон, хонаи кӯдакон, муассисаҳои томактабӣ, инчунин ба таври инфиродӣ, мустақилона фаъолият намоянд.

5.”Кори ҳамширагӣ дар косметалогия”

     Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахасcуси “Ҳамшираи тибб оид ба ----” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии муолиҷавӣ-профилактикӣ, тайёр карда мешаванд.

       Ҷумҳуриамон тараққӣ ёфта истодааст ва талабот ба мутахассисони миёнаи соҳаи тиб меафзояд. Дар коллеҷ соли 2016 аввалин маротиба ихтисоси “Кори табобати дандон” таъсис дода шуд.

6. “Кори табобати дандон”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёвари стоматолог” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар стоматологияҳои давлатӣ, хусусӣ, беморхонаҳо, Марказҳои саломатӣ, амбулаторияҳо тайёр карда мешаванд.

Объектҳои меҳнати мутахассис бо равандҳои зерин алоқаманд мебошанд:

Муолиҷаи бемориҳои дандон ва ковокии даҳон;

Кандани дандон;

Пешгирии бемориҳои дандон;

Таъминоти бехатарии сироятӣ (бо риояи қоидаҳои санитарӣ беҳдоштӣ, реҷаи зиддиэпидемӣ);

Гузаронидани корҳои санитарӣ маърифатӣ оид ба мустаҳкамгардонии саломатӣ ва ташвиқу тарғиботи тарзи ҳаёти солим;

Дар Коллеҷ 1132 нафар дар сафи донишҷӯӣ таҳсили худро давом дода истодаанд, ки аз он ҷумла 744 нафарашонро духтар ва 388 нафарро писарон ташкил медиҳанд. 

Дар коллеҷ омӯзгорони баландихтиссос фаъолияти худро пеш бурда, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Онҳоро мунтазам дастгирӣ ва дилгарм намуда, барои донишандӯзии онҳо кӯмак менамоянд.